Вазифаи мо
Платформаи «Бо забони русӣ» бо дастгирии ҳукумати Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия таъсис дода шудааст.
Ҳадафи он – кумак кардан ба шаҳрвандони хориҷӣ мебошад, то ин ки онҳо қисми ҷомеаи Русия гардида, худро озод ва бароҳат ҳис кунанд.
Мо боварӣ дорем, ки донистани забон
ва фарҳанг роҳро ба кор, маориф
ва ҳамгироии пурра
ба ҷомеа мекушояд.
Дастрасӣ
Ҳамаи маводҳо ройгон
ва барои омӯзиши онлайн
дастрас мебошанд.
Сифат
Курсҳо аз ҷониби омӯзгорони забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ
бо таҷрибаи 15-сола омода карда шудаанд.
Дастгирӣ
Мо ба шумо на танҳо дар омӯхтани забон, балки дар беҳтар фаҳмидани кишваре, ки дар он кор, таҳсил
ва зиндагӣ мекунед, кумак мерасонем.
Забони русӣ –
барои ҳама
Дар платформа шумо ҳама чизеро,
чӣ барои омӯзиш ва мутобиқсозӣ лозим аст,
пайдо мекунед
Ҳамаи курсҳо ва маводҳо дар платформаи «Бо забони русӣ» ба зиёда аз 10 забон тарҷума шудаанд –
шумо бешубҳа забони худро меёбед ва метавонед бо забони модарии худ таҳсил кунед.
Курсҳои ройгони забони русӣ барои мақсадҳои гуногун:
Маводҳо дар бораи ҳаёт дар Русия
Маводҳоро дар бораи фарҳанг
ва ҳаёти ҳаррӯза дар Русия омӯзед, ва онҳо ба шумо кумак мекунад, ки ба кишвар зудтар мутобиқ шавед
Дастгоҳи машқ (тренажёр)
барои омодашавӣ ба имтиҳони:
Кӣ маводҳоро
барои платформа эҷод мекунад?
Ҳамаи курсҳо аз ҷониби омӯзгорони ботаҷрибаи забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ , аз ҷониби методистҳо
ва мутахассисон дар соҳаи мутобиқшавии муҳоҷирон таҳия гардидаанд.
Мо барои таълими забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ аз маводи воқеии имтиҳон ва усулҳои санҷидашуда истифода мебарем, то ин ки таълим то ҳадди имкон амалӣ ва самаранок бошад.